Дар Тоҷикистон 61 мактаб-интернат бо фарогирии 7706 нафар фаъолият дорад
ДУШАНБЕ, 17.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардида, зимни он вазъи мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд дар ҷумҳурӣ 61 мактаб-интернат, аз ҷумла 16 мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор, 19 мактаб-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, 2 хонаи бачагон, 22 мактаб-интернати наздимактабӣ, 1 мактаби махсус барои кӯдакони душвортарбия, 1 мактаб-интернати хонандагони лаёқатманд бо фарогирии 7706 нафар (2508 духтар) фаъолият менамоянд.
Аз 61 мактаб-интернат 14 адади он дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва 47 мактаб-интернат дорои мақоми маҳаллӣ мебошанд.
Дар ҷаласа Вазири маориф ва илм оид ба фаъолияти мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намуда, пайваста барои баланд бардоштани сифати таҳсил, зиёд намудани маоши омӯзгорон, бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимӣ, тайёр намудани мутаххасисони соҳибтаҷриба ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу ҳориҷӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд. Ҳамзамон сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат ятимону бепарасторон ва нафарони ниёзмандро дастгиру пуштибон буда, барои онҳо шароити хуби таҳсилу кор фароҳам овардааст.
Дар идома таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, иштироки бештари муҳассилини ин муассисаҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ ва баргузории ҳар гуна машғулият барои ятимону бепарастон баъд аз дарс нигаронида шуд.
Иброз гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ин муассисаҳо дар шароити замони муосир аз масъулин масъулияти боз ҳам бештар талаб менамояд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






