Дар Тоҷикистон ҳарорати ҳавои аввали фасли тирамоҳ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи аввали тирамоҳ — сентябр ба обу ҳавои моҳи сентябри соли 2000 монанд хоҳад шуд. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, даҳаи дуюми моҳ ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Моҳи сентябр ҳаво дар водиҳо то 25 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 19 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳаво дар водиҳо шабона то 18 ва рӯзона то 36 дараҷа, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона то 17 ва рӯзона то 30 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Нимаи дуюми моҳ дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, дар водиҳо аз 15 то 32 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 12 ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориш (борон асосан дар даҳрӯзаи сеюми моҳ пешгӯӣ мешавад) дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 23 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 15 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, дар водиҳо шабона то 14 дараҷа ва рӯзона то 29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона то 20 дараҷа гарм, дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда, то 15 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориш дар водиҳо аз меъёри иқлимӣ кам ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи аввали моҳ ҳаво шабона то 15 дараҷа ва рӯзона то 32 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона то 8 ва рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад.
Моҳи сентябр дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 5+8 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 0+5 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 16 то 11 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
АКС: Дидор Саъдуллоев








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






