Имрӯз дар Тоҷикистон нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта шуд

Август 21, 2024 13:58

ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳангии мамлакат иттилоъ доданд, зимни пардабардорӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Аида Баллаева иштирок намуданд.

Абай Кунанбоев  шоир, бастакор, маорифпарвар ва фаъоли ҷамъиятии қазоқ дониста мешавад. Абай фарди бофарҳанги ҷаҳонӣ буда, мероси ғании адабии ӯ на танҳо ганҷинаи маънавии як миллат, балки мутааллиқ ба кулли башарият мебошад.

Бояд гуфт, ки эҷодиёти шоир ва нависанда аз се сарчашма – эҷодиёти даҳанакии халқ, назми оламгири Шарқ ва адабиёти русу аврупоӣ маншаъ гирифтааст. Абай дар назми қазоқ 17 шакли нави шеърро ихтироъ намуд. Достонҳои Абай – «Масъуд», «Гуфтор дар бораи Азим» ва «Искандар» дар заминаи сужетҳои адабиёти классикии Шарқ офарида шуда, дар онҳо хираду дониш ва фазилатҳои инсонӣ тараннум шудаанд.

Ба қалами Абай асари мансуре тааллуқ дорад, ки он дар қазоқӣ «Қара сӯз» («Каломи сиёҳ») ном гирифтааст. Ба забони тоҷикӣ ин асар бо номҳои  «Ақлия», «Пандҳо», «Панднома», «Андешаҳо» тарҷума ва муаррифӣ гардидааст. Дар «Панднома»-и Абай таъсири «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ва «Гулистон»-и Саъдӣ мушоҳида мешавад.

Ҳамчунин дар маҷмуае бо номи «Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Абай – бунёдгузори адабиёти навини қазоқ» зиёда аз 100 шеъри Абай дар баргардони Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ва «Андешаҳо» (45 гуфтор) дар тарҷумаи Сафар Абдулло ба хати форсӣ ҷой дода шудаанд.

 АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 21, 2024 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад