Имрӯз дар Тоҷикистон нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳангии мамлакат иттилоъ доданд, зимни пардабардорӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Аида Баллаева иштирок намуданд.
Абай Кунанбоев шоир, бастакор, маорифпарвар ва фаъоли ҷамъиятии қазоқ дониста мешавад. Абай фарди бофарҳанги ҷаҳонӣ буда, мероси ғании адабии ӯ на танҳо ганҷинаи маънавии як миллат, балки мутааллиқ ба кулли башарият мебошад.
Бояд гуфт, ки эҷодиёти шоир ва нависанда аз се сарчашма – эҷодиёти даҳанакии халқ, назми оламгири Шарқ ва адабиёти русу аврупоӣ маншаъ гирифтааст. Абай дар назми қазоқ 17 шакли нави шеърро ихтироъ намуд. Достонҳои Абай – «Масъуд», «Гуфтор дар бораи Азим» ва «Искандар» дар заминаи сужетҳои адабиёти классикии Шарқ офарида шуда, дар онҳо хираду дониш ва фазилатҳои инсонӣ тараннум шудаанд.
Ба қалами Абай асари мансуре тааллуқ дорад, ки он дар қазоқӣ «Қара сӯз» («Каломи сиёҳ») ном гирифтааст. Ба забони тоҷикӣ ин асар бо номҳои «Ақлия», «Пандҳо», «Панднома», «Андешаҳо» тарҷума ва муаррифӣ гардидааст. Дар «Панднома»-и Абай таъсири «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ва «Гулистон»-и Саъдӣ мушоҳида мешавад.
Ҳамчунин дар маҷмуае бо номи «Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Абай – бунёдгузори адабиёти навини қазоқ» зиёда аз 100 шеъри Абай дар баргардони Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ва «Андешаҳо» (45 гуфтор) дар тарҷумаи Сафар Абдулло ба хати форсӣ ҷой дода шудаанд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






