Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон ва намоиши санъати ороишии амалии ҳунармандони қазоқ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 22.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 18:00 дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ва санъати ороишии амалии ҳунармандони қазоқ, ки дар он ҳунари заргарӣ, тангаҳои қиматбаҳо, либосҳои миллӣ, миёнбандҳо ва дигар ҳунарҳои қадимӣ ба намоиш гузошта мешаванд, баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон оҳангу тарона ва рақсҳои ҷолиби ҳунармандони қазоқ пешниҳод мегарданд. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар барномаи консертӣ ҳунармандони қазоқ рақс ва оҳангҳои тоҷиконаро пешниҳод намоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, 21 август дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Аида Баллаева вохӯрӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ густариши робитаҳои фарҳангӣ байни ду давлат, аз ҷумла ташкили шумораи зиёди квотаҳо ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Қазоқистон баррасӣ шуд.
АКС аз бойгонӣ








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






