Имрӯз ҳунармандони «Казакконсерт» дар Душанбе санъати миллии қазоқиро намоиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 24.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҳунармандони Ташкилоти давлатии академии консертии «Казакконсерт» ба номи Роза Багланова санъати миллии қазоқиро пешкаши тамошобинон мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ хабар доданд.
Онҳо сурудҳои халқии қазоқӣ, асарҳои асбобӣ ва композитсияҳои асбобию хореографиро иҷро менамоянд.
Барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе Ансамбли давлатии фолклории «Остона Сази»-и Қазоқистон, гурӯҳи «Saz & Soul», Ходими хизматнишондодаи Қазоқистон Айзат Карабек, лауреати Мукофоти давлатии ҷавонон «Дарин» Аскар Мукият, лауреатҳои озмунҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ Султон Ахмет ва Инкар Айдархонкизи ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҳамчунин асари композитори барҷаста Шарофиддин Сайфиддинов «Давлати ман — Тоҷикистон», ки соли 2004 навишта шудааст, садо медиҳад. Ин суруд ҳамеша ба дили шунавандагон нисбат ба зебоии зодгоҳ, қувваи боварибахши аккордҳо, боварии бепоён ба мардум ва давлати худ завқи ҳаяҷонбахш мебахшад.
Онро Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев иҷро мекунад.
Барномаи ҳунарӣ ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистон мусоидат менамояд.
АКС: Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






