Муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорони соҳибтахассуси забонҳои русӣ ва англисӣ таъмин мебошанд

Август 20, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 20.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорони соҳибтахассуси забонҳои русӣ ва англисӣ таъмин буда, дар айни замон 242  омӯзгори фанни забони русӣ ва 275 омӯзгори фанни забони хориҷӣ фаъолият доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Барои баланд бардоштани таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар назди 26 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 54 гурӯҳ бо забони русӣ фаъолият бурда, дар кӯдакистонҳои боқимонда аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ дарсҳои иловагӣ ҷорӣ шудаанд.

Ҳамчунин дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, дарсҳои иловагӣ барои хонандагони сустхон ва болаёқат ташкил карда шудаанд.

Президенти Тоҷикистон пайваста дар суханрониҳо таъкид менамоянд, ки насли наврас ва ҷавон бояд забонҳои русӣ ва англисиро донанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо таъкид намуда буданд, ки «ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи дунё хеле мушкил аст».  

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Хуҷанд 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ, як «Кӯдакистони президентӣ» ва 13 кӯдакистони хусусӣ фаъолият менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Август 20, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд