Нақшаи қисми даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар сатҳи 110 фоиз таъмин шуда, 10,1 миллиард сомонӣ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 12.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар шаш моҳи имсол дар сатҳи 110,0 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 10,1 миллиард сомонӣ ворид гардид. Дар ин хусус муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ 9 август дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Муовини якуми Вазири молияи ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки дар ин давра иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар сатҳи 107,0 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми умумии воридоти маблағҳо 5,0 миллиард сомониро ташкил дод. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 308,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон муовини якуми Вазири молияи мамлакат афзуд, ки “дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, ки дар қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ба инобат гирифта мешаванд, 3,4 миллиард сомонӣ аз худ карда шуд, ки аз он 2,3 миллиард сомонӣ маблағҳои грантӣ ва 1,1 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ мебошад. Инчунин дар ин давра аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ ба суратҳисоби махсуси ташкилоти буҷетӣ 1,5 миллиард сомонӣ ворид гардидааст”.
Ҳамзамон барои дастгирии Буҷети давлатӣ дар ин давра дар доираи Барномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо 4,0 миллион евро маблағҳои грантӣ барои дастгирии Буҷети давлатӣ ҷалб карда шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид






