ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Хатмкардагони мактабҳои шаҳри Турсунзода дар таъмири муассисаи таълимӣ саҳм мегузоранд

Август 11, 2024 12:03

ДУШАНБЕ, 11.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва  дастгирии хатмкардагони солҳои пешини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 14-и ҷамоати 10-солагии Истиқлолият таъмири синфхонаҳои мактаб идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Дар муассисаи таълимӣ дару тирезаҳои замонавӣ насб шуда, синфхонаҳо бо тахтаи синф, мизу курсиҳои нав таъмин гардиданд.

Масъулин ва сокинон иқдом гирифтаанд, ки намои берунии муассисаро низ навсозӣ намуда, онро бо сифати баланд рангу бор намоянд. Бо ин мақсад фаъолони деҳот ва устоҳои маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, корҳои таъмиру барқарорсозӣ босуръат идома доранд.

Мақсади асосии амалӣ намудани чунин иқдоми неку шоиста- фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас аст. Он аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сарчашма мегирад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Август 11, 2024 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд