Олимони Қазоқистон бо дастовардҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати олимону зиёиёни Қазоқистон таҳти роҳбарии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Ахилбек Куришбаев ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф овард, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо.
Меҳмонон бо намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос шуда, барои рушди ҳамкории илмӣ дар зинаҳои гуногун андешаҳояшонро баён доштанд.
Сипас президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Ахилбек Куришбаев мулоқот намуд.
Дар мулоқот Қобилҷон Хушвахтзода доир ба рушди дурнамои ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ибрози андеша намуд.
Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ ҳамеша омода аст, ки дар шароити муосир ҳамкориро бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон рушду густариш диҳад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






