Олимони Қазоқистон бо фаъолияти Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ ва Институти кимиё шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 август дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо олимони Қазоқистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат масъулон меҳмононро бо самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳҳои институт шинос намуданд. Ҷонибҳо баҳри беҳбуд бахшидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ байни институтҳои самти биологию кишоварзӣ ҳамкории судмандро ба нақша гирифтанд.
Инчунин меҳмонон бо пойгоҳи моддию техникии Озмоишгоҳи бехатарии биологии институт ва аз озмоишгоҳи нави биотехнологӣ шинос шуданд.
Олимони Қазоқистон инчунин ба Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин омада, бо самтҳои фаъолияти институт шинос шуданд. Дар мулоқот бо кормандони институт ҳамкорӣ барои беҳбуд бахшидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баррасӣ гардид.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






