ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Соли 2024 дар Хатлон 32 иншооти соҳаи маориф бунёд ва навсозӣ гардид

Август 27, 2024 14:36

ДУШАНБЕ, 27.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон  аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 32  иншооти соҳаи маориф бо шумораи 213 синфхона барои 10 ҳазору 650 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд, таъмир ва навсозӣ гардид, чунин иттилоъ дода шуд зимни машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Инчунин дар доираи барномаҳои соҳаи маориф ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд, таъмир ва навсозии 165 иншооти дигар иборат аз 1137 синфхона бо фарогирии 56 850 ҷойи нишаст дар ду баст (дар 1 баст 28 ҳазору 425 ҷойи нишаст) сохтмон идома дорад.

Дар машварат Раиси вилоят ёдрас гардид, ки соли 2023 ба маблағи зиёда аз 260 миллион сомонӣ 95 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 17 ҳазору 402 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 59 муассиса бо 14 ҳазору 300 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону саховатмандони мамлакат бо маблағи беш аз 164 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ба рушди  илму маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида,  сол аз сол маблағгузорӣ ба ин соҳа меафзояд. Дар ҷумҳурӣ  садҳо муассисаҳои таълимӣ  бунёд гардидаанд, ки ин раванд ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия  дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, касбӣ ва олӣ  мусоидат менамояд. Аз ин рӯ  дар ҷумҳурӣ бояд мутахассисоне омода гарданд, ки ҷавобгӯ ба  талаботи бозори меҳнат бошанд. Дар  ин раванд низоми соҳаи маорифи мамлакатро бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намуд. “Дар Стратегияи  миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030”  соҳаи маориф яке аз соҳаҳои  афзалиятнок ва калидии рушди устувори  мамлакат арзёбӣ гардидааст.

Аз ҷумла, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сол аз сол маблағгузории соҳаи маорифи вилоят зиёд мегардад. Аз ҷумла,   дар панҷ соли охир маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи вилоят 2,2 баробар зиёд шудааст. Агар соли 2018 маблағгузории соҳа 881,8 миллион сомонӣ, яъне 58 фоизи буҷети умумии вилоят бошад, он имсол тибқи нақшаи тасдиқшуда ба 2 миллиард сомонӣ, яъне 60 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоят расонида шудааст.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Август 27, 2024 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд