Пагоҳ Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ мегарданд

Август 21, 2024 15:47

ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, саоти 18:00 дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, аз ҷониби ҳунармандони қазоқ барномаи консертии сатҳи баланд, ки аз суруду рақсҳои ҷолиб иборат аст, пешниҳод мегардад.

Ҳамчунин дар ошёнаи дуюми Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» санъати ороишии амалии ҳунармандони қазоқ пешниҳод мешавад, ки дар он ҳунари заргарӣ, тангаҳои қиматбаҳо, либосҳои миллӣ, миёнбандҳо ва дигар ҳунарҳои қадимӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон  22-23 август ҳайати ҳунарии Қазоқистон дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 25 августи соли 2023 дар толори Театри давлатии опера ва балети «Остона Опера»- и Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон аз 24 то 29 августи соли 2023 дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Чимкент барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо, либосҳои миллии тоҷикӣ ва филмҳои бадеию таърихӣ баргузор шуд.

 АКС аз бойгонӣ

Август 21, 2024 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад