33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рашт 8 бинои муассисаи таълимӣ ва ду кӯдакистон ба истифода дода мешавад

Сентябрь 1, 2024 09:21

РАШТ, 01.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинону соҳибкорони ноҳияи Рашт ба истиқболи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 73 иншооти гуногунро ба истифода медиҳанд, ки дар натиҷа барои сокинони ноҳия ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад. Дар ин хусус мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Рашт Ҳайдаралӣ Ҳоҷиев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар бунёди иншооти ҷашнӣ соҳибкорони ватандӯст ва сокинони ноҳияи Рашт саҳми арзанда доранд. Онҳо барои бартараф намудани мушкилии норасоии ҷойи нишаст, бо мизу курсӣ таъмин намудани синфхонаҳо ва ташкили синфхонаҳои фаннӣ барои хонандагон кӯшиш доранд.

Ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ ҳашт бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва ду бинои кӯдакистон ба истифода дода мешавад. Барои мисол, бинои нави таълимии деҳаи Шулмак дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 барои 480 хонанда дар ду баст аз ҳисоби соҳибкор Қосим Қодиров, бинои нави таълимии деҳаи Поҷе дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 барои 640 хонанда дар як баст аз ҳисоби соҳибкор Раҳимҷон Бобоҷонов, бинои нави таълимии деҳаи Дуоба ва майдончаи варзишӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 аз ҳисоби соҳибкор Ғаюр Ҷурабеков ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №112, №61, №45, №109, №68 бо саҳми соҳибкорону сокинон дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Ҳамаи ин муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бо мизу курсӣ ва синфхонаҳои фаннию таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Иншооти ҷашнӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва саҳми сокинону соҳибкорон сохта шуда, аз кандани чоҳҳои амудӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, мумфарш намудани роҳҳои маҳаллӣ, марказҳои саломатӣ, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб ва коғази ташноб, коргоҳҳои истеҳсоли хишти сементӣ, истгоҳҳои замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ, толори варзишӣ, биноҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳот, кашидани хатҳои барқи баландшиддат, биноҳои истиқоматии баландошёна, навсозии майдони марказии шаҳраки Ғарм ва дигар иншооти муҳим иборат мебошанд.

Сокинону соҳибкорони ноҳияи Рашт дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, дар ободии Ватан, муҳайё намудани шароити зиндагии беҳтарин барои аҳолӣ ва илму ҳунар омӯхтани хонандагон саҳми арзанда мегузоранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2024 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст