Маркази миллии тестӣ даври сеюми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар ИМД-2024 оғоз намуд

Сентябрь 3, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 03.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 сентябр даври сеюми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимӣ оғоз кард, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин марказ.

Барои бақайдгирии довталабон (даври сеюм) дар 10 шаҳру ноҳия – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ ва дар 21 шаҳру ноҳияи дигар – Норак, Роғун, Турсунзода, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Ёвон, Қубодиён, Шаҳритус, Нуробод, Лахш, Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Ховалинг, Фархор, Ҳамадонӣ ва Темурмалик нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ фаъолият мекунанд. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар зер оварда шудааст.

Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:

— шахсоне, ки дар даврҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;

— довталабони дар даврҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;

— довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;

— довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;

— довталабоне, ки дар асоси дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

Муҳлати даври сеюми бақайдгирӣ то 15 сентябр муқаррар гардидааст. Хотиррасон мекунем, ки агар довталаби дар ин давр номнависшуда хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро анҷом диҳад. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки дар он худро сабти ном кардааст, муроҷиат кунад.

Дар даври сеюми бақайдгирӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз се озмун – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии даврҳои якум ва дуюми ИМД-2024 холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешавад. Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ ва макони фиристодани даъватномаро бояд интихоб кард. Инчунин довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ – англисӣ/немисӣ/фаронсавӣ/арабиро интихоб карда метавонанд.

ТАВАҶҶУҲ! Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои даври сеюми бақайдгирии довталабон пешниҳод мегардад, дар сомонаи Марказ гузошта шудааст. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки аз ин рӯйхат комбинатсияҳои ихтисосҳоро пешакӣ интихоб намуда, баъдан ба нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд ва тибқи тартиботи муқарраршуда ба бартарии интихобҳо диққат диҳанд ва хато накунанд.

Маркази миллии тестӣ падару модаронро огоҳ мекунад, ки бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсияҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огоҳии кофӣ дошта бошанд. Тавре ки борҳо таъкид кардем ва онро натиҷаҳои кори қариб даҳсолаи Марказ низ собит кардааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсир расонида наметавонад. Барои донишҷӯ гардидан довталабон бояд танҳо ба дониш ва маҳорату малакаи худ такя кунанд.

Тибқи нақша, довталабоне, ки дар даври сеюми бақайдгирӣ худро номнавис мекунанд, имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар даври сеюм – 22 сентябр месупоранд. Дар ин даври бақайдгирӣ ба довталабон 8 шаҳру ноҳия – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ пешниҳод карда мешавад, ки онҳо яке аз инҳоро интихоб карда метавонанд.

Инчунин барои довталабоне, ки дар ин давр ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро интихоб мекунанд, имтиҳонҳои мазкур – қисми В аз 19 то 20 сентябр дар муассисаҳои таълимии дахлдор гузаронида мешаванд.

Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2024 аз қайд гузаштан мехоҳанд, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 230 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар ин давр пардохтшаванда 30 сомонӣ аст. Маълумоти муфассал дар бораи маблағи хизматрасонӣ дар ИМД-2024, аз ҷумла дар бораи шахсони дар пардохти ин маблағ имтиёздошта дар зер оварда шудааст.

Маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Амонатбонк, Бонки “Эсхата” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” бояд пешакӣ пардохта, рақами расиди пардохт ба шахси масъули нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад.

Маълумоти муфассалро дар бораи масъалаҳои марбут ба ИМД аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо бунёди бинои иловагии муассисаи таҳсилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ мушкилоти хонандагони синфҳои болоӣ бартараф шуд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Пешниҳоди таҳияи лоиҳаи он аз ҷониби Пешвои миллат омӯзгоронро руҳбаланд сохт
Ба донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ нуктаҳои асосии суханронии Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи дониш шарҳ дода шуданд
«ЗИ ДОНИШ ШАВАД КОРИ ГЕТӢ БА СОЗ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и Норак 6 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд
Маорифчиёни Бадахшон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистонро дар соҳаи маориф ҷонибдорӣ менамоянд
Рӯзи дониш рамзи арҷгузорӣ ба илм, хирад ва маърифатпарварӣ мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳатмӣ гардид, яъне хонандагон баъди хатми синфи 9 ҳатман бояд хонанд»
Хонандагони деҳаи Оби борик ва деҳаи Сори Панҷакент соли хонишро дар синфхонаҳои нав оғоз намуданд
Соли 2024 маблағгузории соҳаи маориф ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд
Президенти Тоҷикистон: «Имрӯз соҳаи маориф ва илми мамлакат аз сатҳи рушди рақамикунонии ҷаҳонӣ қафо мондааст»
Президенти Тоҷикистон ба масъулини шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати суръат бахшидани сохтмони муассисаҳои томактабӣ супориш доданд