Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати 33 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №13 ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №187 мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни ҳамоиши тантанавӣ муовини Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Равшан Каримзода хонандагону омӯзгорон ва тарбиятгирандагонро ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона шодбош гуфта, онҳоро ба донишомӯзӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар шукуфоии Тоҷикистон даъват намуд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии №13 ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №187 ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни Истиқлоли давлатӣ бино ёфта, дар он барои таълиму тадрис ва тарбияи кӯдакону хонандагон шароити беҳтарин фароҳам оварда шудааст. Утоқҳои дарсӣ, синфхонаҳо ва дигар шароити муассисаҳо ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаву маҳорати хонандагону тарбиятгирандагон мусоидат менамояд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд






