Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 21, 2024 14:50

ДУШАНБЕ, 21.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба гиромидошти хотираи қофиласолор ва бунёдгузори адабиёти тоҷик  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши тантанавии вилоятӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд. 

Нахуст меҳмонон дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки дар он муҷассамаи устод Рӯдакӣ қомат афрохтааст, гулчанбар гузоштанд. Сипас дар даромадгоҳи бинои маъмурии донишгоҳ намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  дастовардҳои ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳро тамошо намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо назми оламгир ва нотакрори худ ҳамчун тарбиятгари ҷомеаи башарӣ ба сӯи арзишҳои олии инсонӣ ва ҳидоятгари насли ҷавон ба сӯи созандагиву офарандагӣ мақому ҷойгоҳи шоистаро сазовор мебошад.

Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Дилшод Раҳмон иброз намуд, ки «рамзӣ аст, ки ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷик — меросбари адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- Устод Абубуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Таърихи ҳазору садсолаи адабиёти тоҷик бо номи Устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Ҳамасрон ва суханварони баъдина ӯро бо унвонҳои ифтихории Одамушшуаро, Қофиласолори назм  ва Соҳибқирони шоирон ёд мекунанд».

Ҳадаф аз таҷлил намудани Рӯзи Рӯдакӣ гиромидошт ва арҷгузорӣ ба асосгузори адабиёти классикии тоҷик —  Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ифтихор аз таъриху фарҳанги ғановатманди гузаштагонамон мебошад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сентябрь 21, 2024 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд