Дар Душанбе бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон конференсияи илмӣ-таърихӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон таҳти унвони «Аҳамияти таърихии Ғалаба дар Ҷанди дуюми ҷаҳон, солҳои 1941-1945» конференсияи байналмилалии илмӣ-таърихӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша ғамхорӣ намуда, корнамоию ҷоннисории онҳоро ҳам дар хати пеши фронт ва ҳам дар ақибгоҳ пайваста қадршиносӣ менамояд.
«Дар солҳои 1941-1945 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба майдони ҷанг рафтаанд. Аз ҷумла, беш аз 92 ҳазор дар майдонҳои муҳориба ҳалок шуданд, ки номи онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад»,-баён дошт Дилрабо Мансурӣ
Иброз гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поси хотири иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳамасола чунин чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд.
«Фиристодагони Тоҷикистон дар дифои қалъаи Брест, Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол, Москва, рахна намудани муҳосираи Ленинград, муҳорибаҳои Курск, инчунин поксозии Беларус, давлатҳои назди Балтика, Полша ва ғайра аз истилогарон саҳми фаъол гузоштаанд»,- иброз шуд дар ҳамоиш.
Шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ҷоннисорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Ҳоло дар Тоҷикистон 22 собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон дар қайди ҳаёт мебошад.
Аз ҷумла, 3 нафар дар шаҳри Душанбе, 5 нафар дар Суғд, 9 нафар дар Хатлон ва 5 нафар дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиндагӣ доранд.
Дар ҳамоиш намояндагони Шурои ҳамоҳангсозии Иттифоқи байналмилалии «Иттиҳоди ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони давлатҳои мустақил», Кумитаи робитаҳои ҷамъиятӣ ва сиёсати ҷавонони Ҳукумати шаҳри Москва, Ташкилоти ҷамъиятии муттаҳидаи собиқадорони Беларус, Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди собиқадорони Ҷумҳурии Арманистон» ва Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин ҳамоиш имрӯз иштирокчиён дар Боғи Ғалаба- дар назди «Оташи ҷовидон» ва «Ёдгории Ғалаба» гулчанбар гузоштанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»






