Дар Душанбе конференсияи минтақавӣ оид ба ояндаи «сабз» дар бахши таъмини гармӣ доир гардид

Сентябрь 20, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар Душанбе бо ибтикори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи минтақавии «Ояндаи сабз дар бахши таъмини гармӣ тавассути насосҳои геотермалии гармидиҳии заминӣ: ҳамкории илмӣ ва саноатӣ байни Тоҷикистон, Ҷопон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, конференсия дар доираи лоиҳаи муштараки Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон iTAG-SATREPS — «Таҳияи низоми истифодаи неруи гармии ғайрикарбонӣ бо истифода аз манбаи гармии Замин» баргузор шуд.

Таъкид шуд, ки олимони марказ ва донишгоҳ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондан ва зиёд намудани ҳамкорӣ бо барномаи байналмилалии Ҷопон «Шарики таҳқиқоти илмӣ ва технология барои рушди устувор» (SATREPS) лоиҳа пешниҳод намуда, ғолиби озмун гардиданд.

Ҳадафи ин пажуҳиш саҳм гузоштан дар муътадилсозии минтақавӣ ва муқовимат ба гармшавии глобалӣ тавассути беҳбуди вазъи энергияи барқароршаванда бо назардошти захираҳои фаровони обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки тафовути шадиди ҳароратро доро ҳастанд.

Дар идома олимони Тоҷикистон ва Ҷопон  доир ба ин лоиҳа маъруза намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид