Дар хоҷагиҳои деҳқонии «Ғуфрониён» ва «Сӯфизода»-и ноҳияи Мастчоҳ 40 фоизи пахта барои ҷамъоварӣ омода аст
ДУШАНБЕ, 21.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол хоҷагиҳои деҳқонии «Ғуфрониён» ва «Сӯфизода»-и ноҳияи Мастчоҳ дар 12 ҳазору 400 гектар пунбадона кишт намудаанд, ки ҳоло 40 фоизи пахта барои чиндан омода аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.
Саҳмдорони ин хоҷагиҳо ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, ҳаққи чиниши пахта барои як килограмм 1 сомонӣ муқаррар шудааст.
Кишоварзони ноҳия нақша доранд, ки беш аз 31 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои коркард супоранд.
Ёдовар мешавем, ки имсол кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 174 ҳазору 976 гектар кишти пунбадона гузарониданд, ки нисбат ба соли 2023 105 фоиз зиёд мебошад.
Пахта зироати стратегӣ маҳсуб шуда, назар ба дигар зироати кишоварзӣ метавонад манфиати иқтисодӣ ва даромади бештар орад. Ҳангоми дуруст риоя кардани агротехникаи парвариши он ҳосили хуб рӯёнида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






