Дар ноҳияи Панҷ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ тантанаҳои идона баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 09.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ тантанаҳои идона баргузор шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни баргузории чорабинии фарҳангӣ такъид гардид, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сулҳу суботи комил, рушди устувори тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таъмин карда шуд.
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Панҷ якчанд иншоот, аз ҷумла синфхонаҳои иловагӣ барои зиёда аз 150 ҷойи нишаст, бунгоҳи тиббӣ ва зеристгоҳи барқӣ итфитоҳ гардид.
Ҳамзамон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, ба ятимони кулл, маъюбон ва камбизоатон кумакҳои моддӣ расонида шуд.
Дар доираи таҷлили ҷашни Истиклоли давлатӣ ба як қатор кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ медалу ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст






