Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои шуъбаи таваллудхона ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи истиқбол аз ҷашни фархундаи миллат- 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмаҳмадзода дар маҳаллаи «Қуштеппа 3»-и ноҳияи Шоҳмансур бинои 2-ошёнаи шуъбаи таваллудхона бо тарҳи наву замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Бинои шуъбаи таваллудхона бо иқдоми мардони саховатпеша ва ҳимматбаланди маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур сохта шуда, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба сокинон туҳфа гардид.
Барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ин таваллудхона аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покиза» бунёд гардида, аз 2 ошёна ва 18 ҳуҷраи хизматрасонӣ иборат аст. Дар он 18 табиби соҳибтаҷриба 24 соат ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бино бо таҷҳизоти тиббӣ ва маишӣ барои ҳуҷраҳои табобатӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Иншоот ба системаи гармидиҳии муосир насб гардида, ҳам ба воситаи қувваи барқ ва ҳам бо ангиштсангу сӯзишворӣ гармии ҳуҷраҳоро дар ҳолати муътадил таъмин менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст






