Дар ноҳияи Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази саломатӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 7, 2024 18:11

ЁВОН, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47-и деҳаи Ҳамзаи ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон ба истифода дода шуд. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.

Зимни ифтитоҳи бино Раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо хонандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба донишомӯзӣ, дӯст доштани Ватан ва ҳимояи он даъват намуданд.

Бинои иловагии муассисаи таълимӣ аз 3 синфхона, як утоқи корӣ ва китобхона иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинони маҳал сохта шудааст.

Аз ҷониби раиси ноҳия ба муассиса ду дастгоҳи  сардкунӣ (кондитсионер) ва ба якчанд нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва ниёзманд сару либоси мактаби ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар арафаи 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон инчунин бинои маркази саломатии деҳот ва майдончаҳои варзишӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва дигар иншооти муҳими хизматрасонӣ ба истифода дода шуда,  дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Сентябрь 7, 2024 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад