Дар Панҷакент дарахти павловния парвариш карда мешавад

Сентябрь 22, 2024 09:48

ДУШАНБЕ, 22.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар қитъаи таҷрибавии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент 553 бех дарахти павловния парвариш карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Тавре мутахассисон иброз медоранд, як бех павловния дар як сол 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ менамояд ва дар пешгирии шусташавии хок ва тоза кардани об аҳамият калон дорад.

Вобаста аз шароити сабзиш давоми 7-8 сол он то 30 метр қад кашида, қутраш то ба 1 метр мерасад. Баъди буридан аз решааш дубора давоми 70-100 сол месабзад ва баргаш бо ғизонокии зиёд хӯроки хуби чорво аст.

Мутахассисон дарахти павловнияро маҷозан «дарахти ҳаёт»  меноманд.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи январи соли 2024 татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» оғоз гардид. Ҳамасола шинонидани 100 бех дарахти павловния дар назар дошта шудааст.

Майдонҳои саноатӣ аз павловния дар майдони 43,4 гектар дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд шудаанд, ки дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.

Яке аз мақсадҳои «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028»- ин баланд бардоштани сатҳи огоҳонӣ ва сатҳи дониши соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони хоҷагиҳои ҷангал ва хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ оид ба аҳамияти истифодаи павловния дар бунёди плантатсияҳо, агроҷангалпарварӣ ва пешбурди корҳои сабзазоркунӣ оид ба парвариши ниҳолҳои павловния дар ниҳолхонаҳо мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Сентябрь 22, 2024 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд