Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2024 нисбат ба соли таҳсили 1991 – 1992 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд шудааст»
ДУШАНБЕ, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар зиёда аз 4000 муассисаи таълимии мамлакат 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 1991 – 1992-юм 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Дарси сулҳ ба муносибати Рӯзи дониш, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Зимни суханронии Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки «агар соли ҷорӣ 103 ҳазор нафар синфи 11-ро хатм карда бошад, 250 ҳазор ба синфи якум қабул шудааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ мо дар баробари бунёди муассисаҳои нави таълимӣ беш аз 1000 мактаби мавҷударо навсозӣ кардем, мактабҳои боқимондаро таъмиру тармим карда, дар онҳо тамоми шароити зарурии замонавиро муҳайё сохтем ва ҳоло ин равандро идома дода истодаем».
«Илова бар ин, имрӯз дар кишвар 163 муассисаи типи нав, аз ҷумла 79 гимназия ва 84 литсей фаъолият дорад, ки ҳамаи онҳо муассисаҳои дар замони соҳибистиқлолӣ бунёдшуда мебошанд»,-тазаккур доданд Пешвои миллат.
АКС: АМИТ «Ховар»








Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид






