ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ АТЛАС ВА АДРАС-2024. Дар номинатсияи «пиллапарварӣ» Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» ғолиб гардид

Сентябрь 23, 2024 10:40

ДУШАНБЕ, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас-2024 баргузор гардида, ба иштирокчиёни он аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ғолиби ҷойи якум дар номинатсияи «пиллапарварӣ» Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» гардид. Тавре муовини директори «Пиллаи тоҷик» Назришо Назаров дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, баргузории фестивал ба истеҳсоли либосҳои аълосифат, намудҳои гуногуни матоъҳои абрешимӣ, омехта ва пахтагин, ки дар бозори маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ талабот доранд, мусоидат менамояд. «Мояи ифтихор аст, ки имрӯзҳо пиллапарварӣ ва шоҳибофӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид. Зеро коркарди пилла соҳаи афзалиятноки саноати мамлакат ба ҳисоб рафта, афзалиятнокии он ба дастрас будани ашёи хоми дохилӣ ва хусусияти меҳнатталабӣ, ки ба ташкили шумораи зиёди ҷойи кор мусоидат мекунад, вобаста аст», -гуфт ӯ.

Тавре муовини директори «Пиллаи тоҷик» Назришо Назаров иброз намуд, кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми тоҷик ва соҳаи сердаромаду афзалиятнок маҳсуб шуда, истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад.

«Дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» амал мекунад, ки мақсади асосии барнома фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузории бевосита ба соҳа ба шумор меравад», -изҳор дошт ӯ.

Хотирнишон месозем, ки соли 2022 кирмакпарварӣ (пиллапарварӣ) ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ ҳамчун унсури муштараки фарҳангӣ, ки Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон барои арзёбӣ ба иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод кард, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 баён гардид, ки «бобати  рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор, бахусус барои занону духтарон имконият медиҳад ва дар ин замина сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имконияти мавҷударо таъмин намояд. Дар робита ба ин, замини тутзор ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғул мебошанд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд»

Дар доираи фестивал намоиш-фурӯш доир гардид, ки дар он зиёда аз 20 ҳунарманди тоҷик матоъҳои суннатии бофтаашон, инчунин маснуоти хонагии саноати бофандагӣ, ороиши дохилӣ ва лавозимоти аз ин матоъҳо истеҳсолшударо ба намоиш гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки 20 апрели соли 2024  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»ифтитоҳ гардид.

Дар корхона коркарди пилла то сатҳи ниҳоӣ анҷом дода шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол карда мешавад.

Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои Аврупо ворид карда шуда, ба истеҳсоли маҳсулоти босифату ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» аз коргоҳи хушккунии пилла, коркарди нах, коргоҳи басту банд, озмоишгоҳ, коргоҳи чопӣ, бофандагӣ, коргоҳи наддофӣ, хушкашӯйии матоъ, коргоҳи атласу адрас ва қолинбофии дастӣ иборат мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 23, 2024 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

АСАЛ ДАВОИ ДАРД. Имрӯз дар Душанбе «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар беш аз 2600 гектар кишти такрорӣ гузарониданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи сабзи КАСА – 1000 дар қисмати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расидааст
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 7 фоиз зиёд гардидаст
Тоҷикистон ва Узбекистон дар самтҳои рушди ҳукумати электронӣ, таҳияи платформаҳо ва ҳамгироии рақамӣ ба мувофиқа расиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат меёбад
Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаи захираҳои гидроэнергетикӣ аст
Сертификатсияи стандартҳои ESG барои кормандони Вазорати молия бо намояндаи Nasdaq баррасӣ гардид