Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи кушоди ҷаҳонии астрономия иштирок доранд

Сентябрь 18, 2024 11:12

ДУШАНБЕ, 18.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи кушоди ҷаҳонии астрономия (OWAO), ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор мегардад, иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Олимпиада дар чор бахш — мушоҳидавӣ, амалӣ, назариявӣ ва тестӣ гузаронида шуда, то 22 сентябр идома меёбад.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада се хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе иштирок доранд. Инҳо Ҳусанҷон Салимов, Ҳусейн Ғуломзода ва  Сайида Абдуҳамидова мебошанд.

Зимни ифтитоҳи олимпиада дар маркази Сириус дастаи Тоҷикистон муаррифӣ гардида, Парчами давлатии Тоҷикистон дар ин маркази бузурги илмӣ барафрохта шуд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад».

Ин аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, хусусан физикаю математика бештар гардида, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ зиёд ба назар мерасад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2024 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд