Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

Сентябрь 26, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи дар водиҳо асосан бебориш дар назар аст.  Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 26, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад