ИМРӮЗ-РӮЗИ МЕЛИОРАТОРОН. Дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор гектар замини кишоварзӣ дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад

Сентябрь 13, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 13 сентябр Рӯзи мелиораторон муқаррар шудааст. Яке аз вазифаҳои асосии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, ки яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ буда, ба паст шудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.

Ба иттилои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то аввали соли 2024 дар ҷумҳурӣ 37 250 гектар заминҳои ғайриқаноатбахши кишоварзӣ сабт шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 4652 гектар зиёд мебошад.

Ҳолати мелиоративии заминҳо чӣ тавр беҳтар карда мешавад?

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шафоат Назифов иброз намуд, дар айни замон дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барномаҳои давлатии соҳавии «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо арзиши 100,1 миллион сомонӣ, «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» бо арзиши 372,6 миллион сомонӣ, «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» бо маблағи 563 миллион сомонӣ ва «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» бо арзиши 889,7 миллион сомонӣ мавриди амал қарор доранд.

Ба ҳолати 1 сентябри соли равон, ҳолати мелиоративии 4740 гектар ё 48 фоизи заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ беҳтар гардид. Соли 2024 дар доираи Барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар ҷумҳурӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9812 гектар замини обёришавандаи кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Чаро ҳолати мелиоратвии замин тағйир меёбад?

Шафоат Назифов афзуд, ки тағйир ёфтани ҳолати мелиоративии заминҳо раванди доимӣ буда, аз як тараф анҷом додани корҳои мелиоративӣ ҳолати заминҳоро беҳтар гардонад, аз тарафи дигар, бо сабаби риоя накардани усулҳои агротехникӣ, технологияи обмонӣ, саривақт тоза накардани заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ, дар ҳолати ғайритехникӣ нигоҳ доштани чоҳҳои амудии хушккунанда ва пойгоҳҳои мелиоративӣ, нодуруст шустани заминҳои шӯр, барои обёрӣ истифода бурдани обҳои заҳбуру заҳкашҳо, ки минералнокиашон зиёд аст, вазъи мелиоративии заминҳоро ҳамасола мураккаб менамояд.

Тағйирёбии иқлим ба фаъолияти мелиараторон таъсир мерасонад?

Сол то сол тағйирёбии иқлим на танҳо ба фаъолияти мо, балки ба истеъсоли маҳсулоти кишоварзиву ҳолати заминҳо таъсир мерасонад. Зеро агар фасли баҳор камбориш ояд, талаботи заминҳои кишоварзӣ ба об бештар мешавад. Дар сурати иҷро накардани талаботи об маҳсулоти кишоварзӣ ҳам ба зиёни марди деҳқон мешавад ва ҳам ба амнияти озуқаворӣ таъсир мерасонад. Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо аз рӯи таҳлилҳои мутахассисон, дар аввали ҳар сол ба нақша гирифта мешавад.

Тағйирёбии иқлим тақозо дорад, ки вазъи обрасонӣ ба замин тағйир дода шавад

«Воқеан, тағйирёбии иқлим моро водор намудааст, ки усули корамонро дигар кунем. Яке аз усулҳои хеле манфиатовар ва муосир, тавре Пешвои миллат борҳо иброз намудаанд, ин обёрикунӣ бо усули қатрагӣ мебошад. Бартарии асосии он дарвоқеъ сарфаи об аст, ки дар шароити имрӯзаи Осиёи Марказӣ басе муҳим мебошад. Бо ин усул парваришу обёрӣ намудани зироату боғу токзор имкон медиҳад, ки об то панҷ маротиба сарфа шавад. Сарфи неруи барқ низ якчанд маротиба кам мегардад.

Аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияҳои Данғара, Хуросон ва Панҷи вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаҳои вилояти Суғд таҷрибаи обёрикунӣ бо усули қатрагӣ торафт бештар мешавад, ки самараи хуб ба бор овардааст. Дар натиҷаи чунин обёрӣ замин аз эрозия эмин дошта мешавад. Як манфиати дигари обёрии қатрагӣ он аст, ки ба ин восита дарахтон бо нуриҳои минералӣ таъмин мегарданд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Шафоат Назифов иброз дошт, ки имрӯз дар дигар давлатҳо бо фароҳам овардани шароити техникӣ вазъи мелиоративии заминҳо беҳтар гардидааст. Аммо мушкилии асосии фаъолияти мо дар ин раванд- ин норасоии тахникаву таҷҳизоти замонавӣ мебошад. Агар ин норасоии фаъолияти мо бартараф шавад, заминҳои ғайриқаноатбахш дар мамлакат кам шуда, истифодаи об низ хуб танзим мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 13, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
ҶАННАТ ҲУСЕЙНЗОДА – «МОТСАРТИ ҶАВОН»
Арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор кафили имрӯзу фардои нусратёри мост
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад