Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филми наверо бо номи «Ширин» пешкаши тамошобинон мегардонад

Сентябрь 29, 2024 10:20

ДУШАНБЕ, 29.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филми наве бо номи «Ширин» таҳия намудааст, ки нахустнамоиши он 2 октябри соли 2024, соати 17.00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров  баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Дар таҳия ва наворбардории филм гурӯҳи эҷодию техникӣ ва ҳунарпешаҳои маъруфи Тоҷикистон ҷалб гардидааст.

Филми дар жанри драмаи оилавӣ эҷод шуда, дар бораи ҳаёти оилавии Ширину Саид қисса мекунад. Ҳаёти орому осудаи оила пас аз рӯйдоде ба зиндагии пурихтилоф мубаддал мегардад. Дар гирудори зиндагӣ барои қаҳрамони асосии филм- Ширин чеҳраи воқеии наздиконаш ҳувайдо мегардад. Муҳаббат ва тифли бегуноҳ сабаби наҷоти оила мегарданд.

Ин нахустин филми коргардони ҷавон Умеда Турсунова буда, бо ин маҳсули эҷодӣ мехоҳад ба олами синамо ворид гардад.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат барои ҷавонони ҳунарманд тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва онҳо имкон доранд дар рушди кинои тоҷик саҳм гузоранд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Сентябрь 29, 2024 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад