«МУРАББИИ СОЛ-2024». Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмун оғоз гардид

Сентябрь 25, 2024 08:48

 ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 сентябр дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол-2024» доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода иброз намуд, ки озмун ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсили томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфти мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, қадрдонии меҳнат ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Аз тарафи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани озмун тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар озмун иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз рӯйи шаш шарт ҳунару маҳорат месанҷанд.

 АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2024 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид