То соли 2026 дар Тоҷикистон шаҳрвандони аз 18-сола боло соҳибкасб гардонида мешаванд

Сентябрь 2, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 02.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҷавонони аз 18 то 30-сола, ки касбу ҳунар ё ихтисос надоранд, беш аз 570 ҳазор нафарро ташкил дода, 46 ҳазор  шаҳрванд ба омӯзиши 78 намуди касбу ҳунар машғул мебошанд.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос бо фарогирии беш аз 18 ҳазор нафар хонанда барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат мутахассис омода карда мешавад.

Тавре зимни суханронӣ бахшида ба соли нави хониш Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таҳсилоти умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баён намуданд, соҳиби касбу ҳунар кардану ба бозори меҳнат ворид намудани насли ҷавони мамлакат ва ба рушди иқтисодиёт ҷалб кардани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳама ва махсусан Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Тавре дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар 39 маркази касбомӯзии калонсолони назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 46 ҳазор шаҳрвандон ба омӯзиши 78 намуди касбу ҳунар машғул мебошанд. Вале новобаста ба ин, ба андешаи Сарвари давлат, ин шумора хеле кам мебошад, зеро дар ин муассисаҳо ба таълим фаро гирифтани садҳо ҳазор нафар имкон дорад.

Бояд гуфт, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Тоҷикистон супориш дода буданд, ки дар Тоҷикистон то соли 2026 бо истифода аз тамоми имконият барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва инчунин саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ бояд чораҷӯӣ карда шавад.

Президенти мамлакат ҳамзамон иброз доштанд, ки бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд.

Дар робита ба ин супоришҳои қаблӣ   Президенти Тоҷикистон 1 сентябри имсол зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ масъулинро муваззаф намуданд, ки корро бояд тавре ба роҳ монанд, ки солҳои наздик тамоми шаҳрвандони аз 18-сола боло соҳиби касбу ҳунар гардонида шаванд.

«Ба роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дода мешавад, ки барномаҳои таълимии муассисаҳоро бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода, мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро бартараф ва самаранокии фаъолияти ин низоми таҳсилро баланд бардоранд»,-таъкид намуданд Пешвои миллат.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар самти иҷрои «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 2 ҳазору 233 нафар, аз ҷумла 723 нафар занону духтарон машғулияти   кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуда, зиёда аз 400 нафари дигар ҳоло ба  омӯзиш машғул мебошанд.

Дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ин теъдод 58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ ва 4 филиал фаъолият менамоянд, ки дар онҳо дар самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ ва таъмини бехатарӣ аз рӯи 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.

Тавре Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ дар шашмоҳаи якуми имсол иброз дошт, «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ дониста, мунтазам барои рушду нумуи он тадбирҳо меандешад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 бори дигар ба ин нукта ишора карда, иброз намуданд, ки «рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имконият барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯйӣ намуда, бобати таъсиси машғулияти таълимии касбу ҳунар ва забономӯзии шаҳрвандон тадбирҳои иловагӣ андешем».

Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ки «ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 90 ҳазору 96 хонанда ва донишҷӯй ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 6 ҳазору 85 нафар омӯзгор дарс медиҳанд. Инчунин дар мамлакат 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, айни замон дар онҳо 16 ҳазору 525 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Васеъ намудани шуғли пурмаҳсул яке аз ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб рафта, бо мақсади ба касбомӯзӣ ва дар ин замина ба шуғл фаро гирифтани аҳолии мамлакат соли 2020 Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 қабул карда шуд. Ва тибқи иттилои расмӣ, дар ин самт бо дастгирии Бонки осиёии рушд ва саҳми Ҳукумати мамлакат лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш» ба маблағи 360 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» бо арзиши 360 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Дар доираи лоиҳаи якум 21 литсейи касбии техникӣ таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуда, 17 стандарти салоҳияти касбӣ таҳия гардидааст. Дар доираи лоиҳаи дуюм бунёд кардану ба истифода додани се маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бохтар ва Восеъ ва се маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ва шаҳрҳои Душанбеву Роғун ҳамчун лоиҳаи пилотӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор дода шудааст. Дигар марказҳо то охири имсол ба истифода дода шуда, ба ҳисоби миёна дар як сол зиёда аз 7 ҳазор шаҳрванд, сарфи назар аз синну сол, ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд ва соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ мегарданд.

Ҳоло кор барои дар дигар минтақаҳои мамлакат сохта, ба истифода додани марказҳои касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо идома дошта, дар ояндаи наздик барои фарогирии пурраи аҳолии бе касбу ихтисос тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар робита ба ин Президенти мамлакат вазоратҳои молия, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро муваззаф намуданд, то ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ барои навсозӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани литсейҳои касбиву техникӣ ва филиалҳои маркази таълими калонсолон тавсеа бахшанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, дар доираи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар шашмоҳаи якуми имсол аз ҷониби корфармоён 4300 нафари бекори дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолибуда ба кори ҷамъиятӣ фаро гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда 61,4 фоизи пешгӯии солонаи барномаро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 367 нафар, вилояти Хатлон 1367, вилояти Суғд 1129, шаҳри Душанбе 210 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1227 шаҳрванди бекор ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гардид. Аз ин шумора дар ин давра 881 муҳоҷири меҳнатии ба Ватан баргашта ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуд.

Дар шашмоҳаи якуми имсол маҷмуан аз рӯи 11 номгӯй корҳои ҷамъиятӣ ба иҷро расиданд, ки 25,5 фоизи номгӯи корҳои ҷамъиятии музднокро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон аз шумораи умумии шаҳрвандоне, ки ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб шудаанд, 1759 нафар (40,9%) зан ва 1630 нафар (37,9%) ҷавонон мебошанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 2, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ БЕНАЗИР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ба оилаҳои ниёзманд ва ятим 10 хонаи истиқоматӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Анҷир қобилияти мустаҳкам намудани иммунитетро дорад
ТАНҲО НАСЛИ ДОНИШМЕҲВАР ОЯНДАИ ДУРАХШОН МЕСОЗАД! Андешаҳои директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳияи Сино
Дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии таълимӣ ифтитоҳ гардид
«ЗИ МАРДОНИ ҶАҲОН МАРДӢ БИЁОМӮЗ!». Маҳмудҷон Муродов бунёди муассисаи таълимиро барои насли наврас қарзи шаҳрвандию ҷавонмардӣ мешуморад
Ҳангоми аввалин маротиба ба мактаб рафтан кӯдак бо кадом мушкилӣ дучор мегардад? Тавсияи равоншинос дар ин хусус
ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ! Соли нави таҳсил бо шунидани суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат оғоз меёбад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо баргузор мешаванд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Тағйирёбии иқлим ба нобаробарию ҷанги сард замина мегузорад
ИЛМУ МАЪРИФАТ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТРО ҶОВИДОН ГАРДОНИДА, ОНРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД. Назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ
ПАГОҲ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ МЕЁБАД. Оё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ таъминанд?