Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии ҷавонон дар Қазокистон иштирок намуд

Октябрь 6, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4-5 октябри соли 2024 дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон- шаҳри Остона таҳти унвони «Нақши ихтиёриён дар ваҳдату ягонагии ҷаҳон» ҳамоиши байналмилалии ҷавонон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиши байналмилалии ҷавонон 100 намоянда аз 30 давлати дунё, аз ҷумла аз Тоҷикистон  иштирок намуданд.

Намояндагони давлатҳои иштироккунанда доир ба  мавзуъҳои «Ҳадаф ва роҳҳои нави ҷалби ихтиёриён ба ҳаракати волонтёрӣ», «Рушди фаъолияти волонтёрӣ дар ҷомеаи муосир, «Нақши ихтиёриён дар ҳифзи солимии ҷомеа» ва «Саҳми фаъоли волонтёрон дар ҳифзи муҳити зист ва ободии диёр» маъруза намуданд.

Мақсади асосии ҳамоиши байналмилалии волонтёрон таҳкими дӯстиву ҳамдилӣ, рафоқату баҳамоӣ, омӯзиши табодули таҷриба, баланд бардоштани нақши ихтиёриён дар ҷомеаи муосир ва тақвият бахшидани рушди фаъолияти волонтёрӣ мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 6, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия