Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Лаҳистон доир шуданд
ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Лаҳистон доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар машваратҳо ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Лаҳистонро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳими дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, саноат, тандурустӣ, логистика, илму маориф ва амниятӣ табодули афкор анҷом доданд.
Дар марҳилаҳои навбатӣ бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари зарфияти иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва инчунин захираҳои фаровони неруи «сабз»-и Тоҷикистон бобати танзими ҳамоиши иқтисодӣ барои доираҳои ҳавасманди лаҳистонӣ тавофуқ ҳосил гардид.
Тарафҳо инчунин масоили мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд






