Дар Хуҷанд намоиши «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» ифтитоҳ гардид

Октябрь 11, 2024 10:48

ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанди  шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 декабри соли 2023 ба муносибати ворид гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимии миллӣ дар соли 2024 таҳти унвони «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» намоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни ифтитоҳи намоиш доир ба таърихи омӯзиш ва рушду ташаккули ҳунарҳои қадимии миллии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сухан гуфта шуд.

Зимни намоиши ҷумҳуриявӣ ҳайати меҳмонон ва сокинони шаҳри Хуҷанд бо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои қадимии миллии ниёгон аз наздик шинос шуданд.

Дар намоиш зиёда аз 35 навъи ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқи шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан, Спитамен, Истиқлол, Ашт, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғаффоров, Деваштич, Мастчоҳ ва Хуҷанд, ба монанди мисгарӣ, созтарошӣ, читгарӣ, гулдӯзӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал, аъҷубасозӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, қуроқбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, атласу адрасбофӣ, сабадбофӣ, кордсозӣ, минётурнигорӣ, оҳангарӣ, шерозабофӣ, доирасозӣ, муҳракашӣ ва дигар анвои ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Зиёда аз 25 навъи ҳунарҳои мардумии ба намоиш гузошта аз ҷониби ҳунармандон ба шакли амалӣ ё зинда иҷро гардид, ки ин омил диққати меҳмонону тамошобинонро бештар ҷалб намуд.

  АКС: Осорхонаи миллии  Тоҷикистон

Октябрь 11, 2024 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд