Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар нуҳ моҳ 106,5 фоиз таъмин гардид

Октябрь 23, 2024 11:44

ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 106,5 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 14 миллиарду 102,3 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ 15 миллиарду 25,3 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 923,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо назардошти қабул гардидани буҷетҳои иловагӣ ба маблағи 300,2 миллион сомонӣ вобаста ба барзиёд таъмин шудани он дар ин давра нақшаи аниқшуда ба андозаи 104,3 фоиз  таъмин гардид. Ба буҷет нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 622,8 миллион сомонӣ зиёд ворид шуд.

Дар ин давра иҷрои нақшаи аниқшудаи андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 105 фоиз, вилояти Хатлон- 102,4 фоиз, вилояти Суғд- 103,4 фоиз, шаҳри Душанбе-  111,3 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ 106 фоиз ва Раёсати андози андозсупорандагони калон 83,1 фоиз таъмин карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 23, 2024 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд