Дар Туркия ба бузургдошти Абуабдулло Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар Донишгоҳи Анқараи Ҷумҳурии Туркия ба бузургдошти Абуабдулло Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия иттилоъ доданд.
Ҳамоиш бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва дар ҳамкорӣ бо сафоратҳои Афғонистон ва Эрон доир шуд. Дар он намояндагиҳои дипломатӣ, роҳбарияти донишгоҳ, адабиётшиносону зиёиён аз чор мамлакат доир ба манзалати Абуабдулло Рӯдакӣ ва ашъори ӯ андешаҳояшонро баён доштанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш мусиқии мардумии чор давлати иштирокчӣ иҷро гардид. Инчунин бо иштироки 10 донишҷӯи риштаи забони форсии Донишгоҳи Анқара озмуни шеърхонӣ аз ашъори Устод Рӯдакӣ доир гардид. Ғолибон ва иштирокчиён бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2002 инҷониб бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 22 сентябр чун Рӯзи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷик ба таври бошукуҳ таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ин шоири забардаст чорабиниҳои идона, маҳфилҳои адабӣ ва ҳамоишҳои илмӣ-адабӣ баргузор мешаванд.


АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия








«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд






