Имрӯз Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ доир шуд

Октябрь 20, 2024 12:41

ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории Иди Меҳргон Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ баргузор шуда, шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона бо Дипломи дараҷаи 1 ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардид,  иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин ҷашнгоҳ кишоварзон навъҳои гуногуни шолӣ ва биринҷро пешниҳод намуданд. Инчунин дастовардҳои олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ доир ба зироати шолӣ манзури тамошобинон ва меҳмонон гардонида шуд.

Дар баробари пешниҳоди оши палов таомҳои дигари аз биринҷ омодашуда низ пешниҳоди тамошобинон гардиданд.

Тибқи иттилои коршиносон, дар ҷаҳон баъд аз гандум биринҷ муҳимтарин зироат маҳсуб мешавад. Махсусан барои Тоҷикистон рушди соҳаи шолипарварӣ аҳамияти махсус дорад. Зеро лаззати таоми миллии мо — оши палав, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардидааст, бемисл аст.

Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Оши палов»- муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик аз қадим бо фарҳангу маданият, маҳорати хос, кадбонуҳои ҳунарманд ва таомҳои бисёр болаззати миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон машҳур аст. Шуҳрати ҷаҳонии давлати  мо баъди аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани забон, таърих, фарҳанг, маданият, расму оинҳои қадимаи аҷдодӣ, оинҳои неки башардӯстӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси сарзамини бостонӣ афзунтар гардид.

Оши палов хӯроки анъанавӣ буда, дар байни халқамон маҳбубияти хос дорад. Ба ин хотир онро «маҳбубтарин хӯрок» ва бештар аз ҳама, «шоҳи таомҳо» меноманд.

Маъмулан барои пухтани оши палов сабзӣ, биринҷ, гӯшт, равған, пиёз ва обу намак истифода мешавад. Инчунин мувофиқи табъ ва хоҳиш ба он нахӯд, зира, заъфарон, сирпиёз, биҳӣ, мурч, зелол, лимӯ ва дигар давоҳои хуштамъкунанда илова карда мешаванд.

Давоми асрҳо дар байни мардуми тоҷик навъҳои гуногуни  оши палов маъмул мебошанд. Ба мисли палови баргитокӣ, палови софӣ, оши кенҷа, оши девзира, оши заъфаронӣ, қимапалов, оши дампухт, оши кӯҳнадам, оши биҳигин, оши як ба як, оши ҳафтравған,  иликпалов, халтапалов, сурхпалов, ки дар маҷмуъ беш аз 200 намудро ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 20 октябр Рӯзи байналмилалии ошпазҳо ва мутахассисони ошпаз мебошад. Аввалин маротиба соли 2004 Ассотсиатсияи байналмилалии ҷамъияти ошпазон, ки  8 миллион намояндагони ин касбро аз мамлакатҳои мухталифи олам муттаҳид менамояд, ин идро эълон намуд. Ҳоло Рӯзи байналмилалии ошпазҳо дар зиёда аз 100 мамлакати ҷаҳон гузаронида мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2024 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд