ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАКОРӢ. Дар Тоҷикистон қонуни танзим ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардум равона гардидааст

Октябрь 31, 2024 10:30

ДУШАНБЕ, 31.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1989 инҷониб бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 31 октябр Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ муқаррар гардидааст. Дар ин робита бояд ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум, хусусан сарфаи буҷети оилавӣ, мақсаднок истифода бурдани он, ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ ва харҷи беҳуда ҳангоми гузаронидани ҷашну маъракаҳо 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

То қабул гардидани ин қонун дар мамлакат баргузории маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда, тӯйҳои исломӣ ва арӯсию домодии миёншикан, хурофотпарастӣ, хароҷоти маросими таъзия ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасониданд. Баъзе аз шаҳрвандон ҳатто дар иду ҷашнҳои миллӣ ва анъанавӣ ба зиёдаравӣ роҳ дода, бо гирифтани қарзи миёншикан намоишкорона дастархон меоростанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоту суҳбат бо сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат, хусусан дар вохӯриҳои анъанавӣ бо занони фаъоли ҷумҳурӣ ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, роҳ надодан ба зоҳирпарастӣ ва зиёдаравӣ дар мавриди гузаронидани ҷашну маъракаҳо ва оростани дастархони идона, хусусан занонро ба сарфаю сариштакорӣ дар рӯзгор ва самаранок истифода намудани буҷети оилавӣ ҳидоят менамоянд.

Ба андешаи фарҳангшинос Нозим Нурзода, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷомеаро то ҳадди имкон ба танзим даровард. Аз ҷумла, ба зиндагии иҷтимоии мардум, ки аз маросим ва анъанаҳои миллӣ, динӣ ва мардумӣ таркиб ёфта буданд, тағйирот ворид намуд.

Масалан, то давраи қабули ин қонун, пеш аз барпо шудани тӯйи арӯсию домодӣ маъракаҳои «фотиҳатӯйӣ», «маслиҳатошӣ», «идонабарӣ», «сандуқбарон», «сарупобинон», «чойгаштак» ва баъди баргузории тӯй бори дигар аз ҷониби қудоҳо «арӯсбинон», «чодарканон», «равғанрезон», «қудоталбон», «арӯсталбон», «домодталбон» ва ғайра чун анъана баргузор мешуданд, ки имрӯз аз байн бардошта шудаанд.

Нозим Нурзода иброз медорад, ки дар ғанӣ гардонидани буҷаи оила нақши занон хеле бузург аст, зеро мардҳо ба истилоҳ маблағворидкунандаи асосӣ дар хонаводаҳо ба ҳисоб мераванд, аммо чӣ гуна сарф намудани маблағ, ба харҷи беҳуда роҳ надодан ва буҷаи оиларо ғанӣ гардонидан дар дасти занон аст.

«Воқеан ҳам таҷриба нишон дод, ки танзими анъана ва ҷашну маросим баракати зиндагӣ буда, бешак, барои ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ қонуни танзимро риоя намоем ва дар татбиқи одилонаи он саҳм гузорем»,-мегӯяд Нозим Нурзода.

Бояд гуфт, ки вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 501 комиссияи доимӣ амал менамояд.

Аммо бо гузашти 17 сол мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз низ оилаҳое ҳастанд, ки баъзе бандҳои ин қонунро риоя намекунанд.

Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 82 045 маърака ва маросим сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2023 1305 маърака кам мебошад.

Аз ҷумла, дар ин давра дар ҷумҳурӣ аз тарафи шаҳрвандон 72 743 тӯйи домодию арӯсӣ бо забҳи 11 310 сар чорвои калон ва 31 372 сар чорвои хурд гузаронида шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 забҳи чорвои калон 1064 сар зиёд ва забҳи чорвои хурд 2107 сар кам гардидааст. Ҳамчунин 4777 маросими чил ва 3473 маросими сол сабт карда шудааст.

Ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 теъдоди маъракаҳо нисбатан коҳиш ёфта, ошкоршавии қонуншиканиҳо афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, тӯйҳои домодиву арӯсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1736 адад, маросими чил 150 адад кам ва маросими сол 186 адад зиёд сабт гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» на барои ҳавою ҳавас, балки маҳз ба хотири пешгирӣ кардани сарфу хароҷоти миёншикан ва исрофкориву намоишкорӣ баъди мулоҳизаву муҳокимаҳои зиёд ва омӯзиши чандинсолаи афкори умум қабул гардид.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 31, 2024 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид
Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш баргузор гардид
Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд
Байни вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Масъалаи табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор мегардад
IRS: Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд
Татбиқи лоиҳаи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид