Масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд

Октябрь 9, 2024 14:41

ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар заминаи мувофиқаҳои ҳосилшуда байни Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо муовини вазири саноат ва савдои Русия Роман Чекушев ва муовини мудири кулли корхонаи давлатии «Росатом»-и Русия Николай Спасский дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот таҳкими талошҳои муштарак бобати татбиқи бандҳои Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия, аз ҷумла таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни ду давлат, таҳкими робитаҳои саноатӣ байни корхонаҳои соҳавӣ, муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар чорабиниҳои якдигар махсус таъкид гардид.

Дар мулоқот идомаи солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зарардидаи ҷумҳурӣ, истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои ядроӣ ва лоиҳаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ низ баррасӣ шуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия ва корхонаи давлатии «Росатом»-и Федератсияи Русия нақшаҳои муштараки ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 9, 2024 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд
Дурнамои ҳамкории дуҷонибаи вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб ба беш аз 5 миллиард сомонӣ расонида шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли обҳои ташнагишикан бунёд карда мешавад
Бонкҳо ва ташкилоти қарзии Тоҷикистон ба соҳибкорон беш аз 6,3 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд
Масоили таъсиси корхонаи истеҳсоли триоксиди сурма дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи дуюми Шурои миллии об баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе қабул ба «Школа 21» оғоз гардид
56 корхонаи коммуналии Тоҷикистон пурра ба низоми биллингӣ пайваст шудааст
«Тоҷикстандарт»: аз харидани об ва нӯшокиҳое, ки зери таъсири нурҳои Офтоб қарор доранд, худдорӣ намоед!
«Shohin Airlines» бо «Airbus» барои харидани чор ҳавопаймои силсилаи A320neo созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Дар вилояти Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт бунёд карда мешавад