Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратии Муколамаи ҳамкории Осиё иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи баргузории Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё таҳти шиори «Дипломатияи варзишӣ» дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Форуми тиҷоратии Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони «Зеҳни сунъӣ ва моделҳои нави тиҷоратӣ» доир гардид, ки дар он Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода суханронӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноат хабар доданд, Ҷамшед Ҷумъахонзода дар қисмати ҷамъбастии форум бо Раиси Палатаи Қатар Халифа Бин Ҷассим Бин Муҳаммад Ал Тани ва ҳайати Палатаи савдо ва соҳибкорони Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ, иштирок дар чорабиниҳои дар кишварҳои якдигар доиршаванда, аз қабили бизнес-форум, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои дорои хусусияти тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






