ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Роҳи деҳаи Чашмасори ноҳияи Ёвон мумфарш мегардад

Октябрь 25, 2024 09:26

ЁВОН, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон мумфаршнамоии роҳи 11-километра оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.

Дар ҳашари умумии сокинон раиси ноҳия аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иқдоми сокинонро шоиста арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки роҳсозӣ яке аз амалҳои хайру савоб ба шумор меравад. Аз ин рӯ ҳар сокини ноҳия бояд дар ободонии деҳа ва муҳайё намудани шароити мусоид барои фарзандону ояндагон саҳми арзанда гузорад.

Мумфаршнамоии ин роҳ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, саҳми аҳолӣ ва дастгирии ҷавонони ватандӯсти деҳа амалӣ гардид. Дар оғози ин иқдом фаъолони деҳаи Чашмасор бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар пайравӣ ба сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон ободкориҳо идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

 

Октябрь 25, 2024 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд