Президенти Тоҷикистон бо медали ҷашнии «300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ» сарфароз гардонида шуданд

Октябрь 11, 2024 17:22

ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ, ки имрӯз дар шаҳри Ашхобод зери унвони «Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт» доир гардид, бо медали ҷашнии «300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ» сарфароз гардонида шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон низ ба солгарди ин мутафаккири бузург эҳтиром гузоштанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон баргузор кардани мизҳои мудаввари байналмилалӣ бахшида ба ҳаёту эҷодиёти Фироқӣ, гузоштани пайкараи Махдумқулӣ дар шаҳри Душанбе, номгузории яке аз кӯчаҳои зебои пойтахти кишвар ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлонро нишони возеҳи дӯстӣ ва муносибатҳои созандаи мардумони бародари Тоҷикистону Туркманистон унвон намуданд.

«Мо минбаъд низ барои рушди ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ бо ҳамаи шарикони худ, аз ҷумла бо Туркманистони бародар талошҳои зарурӣ ба харҷ хоҳем дод» — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон.

Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо аз сатҳи сифатан баланди тамоми маҷмӯи муносибатҳои миёни Тоҷикистону Туркманистон, ки хусусияти «шарикии амиқи стратегӣ» -ро касб кардаанд, ёдовар шуда, роҳбарияти олии кишвари дӯстро барои танзими бошукӯҳ ва сатҳи баланди баргузории ин ҳамоиш табрик гуфтанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2024 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон