Соли 2025 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон баргузор мегарданд

Октябрь 27, 2024 11:35

ДУШАНБЕ, 27.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон баргузор мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Вобаста ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон  24 октябр зимни вохӯрии  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров мубодилаи афкор доир гардид.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон таърихи дерина дошта, тавассути сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев робитаҳои фарҳангӣ байни ду мамлакат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 23 майи имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 27, 2024 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд