СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Савияи дониши ҳуқуқии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баланд бардошта мешавад

Октябрь 16, 2024 18:52

ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии донишҷӯён ва дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.

Зимни ҳамоиш таъкид шуд, ки омӯзиши фарҳангу таърихи миллат дар рушди худшиносии миллӣ, ҳувият ва ҷаҳонбинии хонандагон нақши бориз дошта, ҳадафи асосии он ба такмили маънавии донишҷӯён дар давраи ҷаҳонишавӣ равона гардидааст. Зеро дар давлати муосир ҳалли муаммоҳои амнияти миллӣ аз ҳарвақта дида, барои таъмини ваҳдату якпорчагӣ, нигоҳ доштани асолат ва ягонагии фарҳангу маданият аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Ректори донишгоҳ иброз намуд, ки барои пешгирии ҳолатҳои номатлуб, таълиму тарбияи дуруст, дар роҳи садоқату эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои миллӣ ва худшиносиву ватандӯстӣ ба камол расидани насли наврасу ҷавон моро зарур меояд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пурғановати ниёгонамонро омӯзем ва дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавиамон масъулиятшиносона амал намоем.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Октябрь 16, 2024 18:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд