Боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба»-и шаҳри Хуҷанд навсозӣ мешавад

Ноябрь 11, 2024 09:05

ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар канори дарёи Сир ҷойгир буда, беш аз 6 гектар масоҳат дорад, таҷдиду навсозӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

9 ноябр лоиҳаи навсозии Боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба» –и шаҳри Хуҷанд муаррифӣ карда шуд. Зимни муаррифии лоиҳа маълумот дода шуд, ки масоҳати умумии иншоот 6 гектар буда, дар он бо усулҳои нави меъморӣ фаввораҳо, катҳои истироҳатӣ, чархофалаку аттраксионҳои замонавӣ барои сокинон, алалхусус кӯдакон бунёд ва васлу насб карда мешаванд. Ҳамзамон сафолакпӯш кардани роҳравҳо, сабзазоркунӣ ва гулпӯшкунӣ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ ва чароғонкунии роҳравҳою атрофи боғ ба нақша гирифта шудааст.

Боғ дар маҳаллаи серодами шаҳр ва илова бар ин дар канори дарёи Сир ҷойгир буда, бо навсозии он барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Ноябрь 11, 2024 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия