Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни ҳамоиш муаррифии китоби тозанашр, ки аз ҷониби Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» таҳти унвони «Рӯзи Президент — нишони эҳтиром ба шоҳкориҳои Эмомалӣ Раҳмон» мураттаб гардидааст, доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Таъкид шуд, ки дар китоби «Рӯзи Президент-нишони эҳтиром ба шоҳкориҳои Эмомалӣ Раҳмон» аввалин маротиба дар мамлакат ба таври фарогир масъалаҳои марбут ба ин рӯзи писандидаи мардум баррасӣ гардидаанд. Асар дар ҳаҷми 500 саҳифа нашр шуда, дар таълифи он дар баробари муҳаққиқони Академия мақолаҳои ходимони намоёни давлатӣ ва олимони шинохтаи мамлакат дар бораи хизматҳои арзандаи Сарвари давлат барои халқу миллат дарҷ шудаанд. Инчунин суханҳои сафирони мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вобаста ба шахсияти Президенти Тоҷикистон таълиф шудаанд.
Тавре ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода иброз дошт, “дар китоб мақолаҳои илмии муаллифон вобаста ба давлатдориву давлатсозии Пешвои миллат ва фаъолияти густурдаи ин нобиғаи аср оид ба рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гирд оварда шуда, паҳлуҳои фаъолияти густурдаи давлатдории миллӣ ба таври васеъ инъикос гардидаанд”. Китоб таҳти назари Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Озода Раҳмон ба нашр расидааст.
Таъкид шуд, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик на танҳо ҳамчун сарвари сиёсӣ ва ё Президент, балки пеш аз ҳама, ҳамчун сулҳофар ва эҳёгари арзишҳои давлатдории миллӣ сабт гардидааст.
«Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат, пеш аз ҳама, аркони давлатдории миллиро устувор намуда, заминаи меъёриву ҳуқуқии давлати навини Тоҷикистонро поя гузоштанд. Саҳми Пешвои миллат дар эҳёи давлати миллии тоҷикон ва эътирофи байналмилалии он бағоят бузург буда, обрӯву эътибори имрӯзаашон дар миқёси ҷаҳонӣ зиёд аст»,-афзуд Даврон Сафарзода.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дастовардҳои бунёдии замони истиқлоли давлатӣ собит месозанд, ки ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат ба таърихи Тоҷикистони навин ва мардуми навини он пайвандии ногусастанӣ дорад.
«Роҳи тайнамудаи Тоҷикистон соҳибистиқлол бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи истеъдоди роҳбарӣ ва ифтихормандии мардуми тоҷик буда, Рӯзи Президент нишони эҳтироми самимонаи тамоми сокинони мамлакат ба хизматҳои бесобиқа ва шоҳкориҳои беназири Пешвои миллат мебошад», -таъкид гардид дар ҳамоиш.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»






