Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон масоили инфрасохтори рақамӣ барои ҳукумати электронӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Ҳафтаи инноватсия ва гузариши рақамӣ дар Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони «Инфрасохтори рақамӣ барои ҳукумати электронӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар доданд.
Масъалаҳои баррасишаванда оид ба инфрасохтори рақамӣ барои ҳукумати электронӣ калиди татбиқи муваффақонаи консепсияи Ҳукумати рақамӣ буда, якчанд ҷанбаи технологӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқиро дар бар мегиранд. Ин масъалаҳо ҳам ба таҳияи платформаи технологӣ ва ҳам фароҳам овардани шароит барои ҳамкории муассир байни мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва шаҳрвандон таъсир мерасонанд.
Иброз шуд, ки инфрасохтори рақамӣ барои ҳукумати электронӣ мавзуи мураккаб ва бисёрҷанбае аст, ки доираи васеи масъалаҳои технологӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқиро дар бар мегирад. Татбиқи муваффақонаи ҳукумати рақамӣ ҳамгироии технологияҳои пешрафта, амнияти баланд ва шароити мусоид барои шаҳрвандон, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии ҳифзи маълумот ва шаффофиятро тақозо мекунад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






