Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 25 ноябр дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд, ки то 27 ноябр идома меёбанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Рӯзҳои синамои Беларус 25 ноябр, соати 17:00 дар кинотеатри «Наврӯз» оғоз мегарданд. Дар ин рӯз филми ҳунарии «Қалъаи сиёҳ» намоиш дода мешавад.
Ҳамчунин 26 ноябр, соати 10:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров филми мустанади «Орзуи қаҳрамон» ва соати 17:00 филми тасвирии «Суруди Сирен» намоиш дода мешавад.
Инчунин дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Беларус бо иштироки коргардони филмҳои тасвирӣ ва филмноманавис Елена Турова барои хоҳишмандон дар Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз», Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дарсҳои «Устод ва шогирд» гузаронида мешаванд.
Имсол маротибаи дуюм аст, ки Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон доир мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки 7 ноябр дар кинотеатри «Победа»-и Ҷумҳурии Беларус, дар доираи Синамоҷоизаи 30-юми байналмилалии «Лістапад» Рӯзи синамои Тоҷикистон бо намоиши филми коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддин Музаффар бо номи «ДОВ» баргузор гардид.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






