«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Киҳо метавонанд дар ин озмун иштирок намоянд?

Ноябрь 8, 2024 08:30

ДУШАНБЕ, 08.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки 574 довталаб даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Бояд ёдовар шуд, ки озмуни мазкур соли шашум аст таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Аз соли 2025 маблағи мукофотпулӣ барои ғолибони ин озмун шуруъ аз мактабҳо то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда мешавад. Шумораи ҳаводорон ва онҳое, ки хоҳиши ииштирок дар ин озмунро доранд, ҳамасола зиёд мегардад. Саволе ба миён меояд, ки киҳо метавонанд дар ин озмун довталабӣ намоянд ва барои иштирок дар он чӣ гуна бояд омода шуд? Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ манзур мегардад.

Дар озмун намояндагони кадом синну сол ҳуқуқи иштирок кардан доранд?

Ба гуфтаи мутахассиси соҳаи китобдорӣ Зафари Шариф, яке аз бартариҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар он аст, ки дар он шаҳрвандони мамлакат, новобаста аз синн ҳуқуқи иштирок кардан доранд. Аз ҷумла, дар он:

— гурӯҳи якум: хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

— гурӯҳи дуюм: хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

— гурӯҳи сеюм: донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

— гурӯҳи чорум: омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун метавонанд иштирок намоянд.

Озмун аз чанд номинатсия иборат аст?

Озмун аз рӯйи шаш номинатсия баргузор мешавад:

— адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;

— адабиёти классикии тоҷик;

— адабиёти муосири тоҷик;

— адабиёти ҷаҳон;

— эҷоди назм;

— эҷоди наср.

Шарти иштирок дар озмун аз чӣ иборат аст?

Довталаби озмун дар рӯйхати китобҳои хондашуда асарҳоеро бояд пешниҳод намояд, ки аз доираи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ берун бошанд.

Аз ҷумла, дар озмун бо инобати синну сол кӯдакону наврасон метавонанд афсонаҳои халқи тоҷик, латифа ва порчаҳоро аз осори манзуму мансури шифоҳӣ, латифаю зарбулмасал, мақолҳои халқӣ ва чистонҳоро аз бар кунанд.

Рӯйхати адабиёте, ки барои иштирокчиён тавсия шудааст

Инчунин хондани ҳикояҳо аз «Гулистон», «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ, «Таҳзиб-ус-сибён»-и Садриддин Айнӣ, порчаҳо аз осори манзуми шоирони барҷастаи классикӣ (Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Сайидои Насафӣ ва дигарон), аз ашъори манзуму мансури бачагонаи устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукуҳӣ, Пӯлод Толис, Ғаффор Мирзо, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода, Баҳром Фирӯз, Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғойиб, Раҳмат Назрӣ ва дигарон тавсия дода шудааст. Ин асарҳо барои наврасон муҳим буда, хондани онҳо ба наврасон кумак мекунад, то ҳамчун инсони комил ба воя расанд.

Инчунин дар озмун намунаҳои насри ривоятӣ аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Чор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тӯтинома», «Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абумуслимнома», «Доробнома», осори насри классикӣ — «Корномаи Ардашери Бобакон», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва дигар китобҳои мондагоре тавсия дода шудаанд, ки саршор аз панду андарз буда, ба баланд бардоштани маънавиёти халқ мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон барои иштирокчиён аз ёд кардани ашъори шоирон аз рӯйи жанр;

— на кам аз 100 ғазал аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Саноии Ғазнавӣ, Шайх Фаридаддини Аттор, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Фахриддини Ироқӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Зебуннисо, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддини Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигарон;

— рубоӣ ва дубайтӣ -на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абуалӣ ибни Сино, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён, Абусаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ ва дигарон тавсия дода шудааст. Аз худ кардани ашъори ин шоирон, ки дар ситоиши дӯстиву бародарӣ, озодиву истиқлолият ва мубориза бар зидди низоъангезону тахрибкорон эҷод шудаанд, имрӯз низ аҳамияти худро гум накардаанд. Донистану аз худ намудани онҳо насли наврасро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳимояи Ватан ва ҳувияти миллии хеш ҳушёр, зирак ва дурандеш бошанд.

Барои хонандагони синфҳои 1-4 хондани осори манзум ва мансури адабиёти бачагонаи ҷаҳонӣ аз:

— адибони рус: Александр Пушкин, Михаил Лермонтов, Иван Крилов, Иван Бунин, Александр Островский, Николай Гогол, Лев Толстой, Антон Чехов, Константин Ушинский, Алексей Толстой, Николай Носов, Иван Тургенев, Максим Горкий, Сергей Есенин, Виталий Бианки, Михаил Пришвин, Михаил Шолохов, Самуил Маршак, Валентин Катаев, Эдуард Успенский, Василий Шукшин, Сергей Михалков, Агния Барто, Аркадий Гайдар, Валентин Распутин, Расул Ғамзатов, Корней Чуковский, Виктор Драгунский, Валентина Осеева, Владимир Сутеев, Константин Паустовский, Борис Житков, Андрей Усачёв ва дигарон;

— адибони Шарқ: Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (Покистон), Халилуллоҳи Халилӣ (Афғонистон), Эраҷ Мирзо (Эрон), Фурӯғи Фаррухзод (Эрон), Содиқ Ҳидоят (Эрон), Нодири Нодирпур (Эрон), Бориқ Шафеӣ (Афғонистон), Робиндранат Такур (Ҳиндустон), Прем Чанд (Ҳиндустон) ва дигарон;

— адибони дигар: Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ (Узбекистон), Ғафур Ғулом (Узбекистон), Абдулло Қодирӣ (Узбекистон), Чингиз Айтматов (Қирғизистон), Рюноскэ Акутагава (Ҷопон), Азиз Несин (Туркия), Маликушшуаро Баҳор (Эрон), Нодар Думбадзе (Гурҷистон), Василий Гулеури (Гурҷистон), Ирма Маласидзе (Гурҷистон) Спиридон Вангели (Молдова), Эно Рауд (Эстония), Нино Накашидзе (Гурҷистон), Вайнилайтис Мартинас (Литва), Машётас Пранас (Литва), Тсао Вэнсюан (Чин), Худойберди Тухтабоев (Узбекистон), Азиза Ҷаъфарзода (Озарбойҷон), Хажак Гулназарян (Арманистон), Владимир Короленко (Украина), Сулаймон Сонӣ Охундзода (Озарбойҷон), Карл Фриш (Олмон), Марсел Эме (Франсия), Отфрид Пройслер (Олмон), Доналд Биссет (Англия), Даниел Дефо (Англия) тавсия дода шудааст, ки бо хондани онҳо метавон бо забону адаб ва фарҳангу тамаддуни мардумони давлатҳои гуногуни ҷаҳон шинос шуд.

Ҳамзамон барои гурӯҳҳои дигар низ осори насрӣ ва аз бар кардани на кам аз 500 байт аз эҷодиёти адибони ҷаҳон, аз ҷумла, адабиёти рус дар бахши назм, наср ва драма — Александр Пушкин, Михаил Лермонтов; дар бахши масал — Иван Крилов, дар бахши назм, наср ва драма — Александр Грибоедов, Иван Бунин, Борис Пастернак, Александр Островский, Николай Гогол, Иван Тургенев, Фёдор Достоевский, Лев Толстой, Антон Чехов, Максим Горкий, Михаил Булгаков, Александр Блок, Владимир Маяковский, Анна Ахматова, Марина Светаева, Сергей Есенин, Андрей Платонов, Владимир Набоков, Иосиф Бродский, Михаил Шолохов, Александр Солженитсин, Василий Шукшин, Валентин Распутин, Андрей Волос ва дигарон тавсия шудааст.

Инчунин аз осори адибони Украина, Беларус ва назди Балтика дар бахши назм, наср ва драма — Максим Танк, Эдуардас Межелайтис, Янка Купала, Тарас Шевченко, Леся Украинка, Якуб Колас, Юстинас Мартсинкявичюс, Олес Гончар, Йонас Авижюс, Юрий Ритхэу ва аз адабиёти Осиёи Марказӣ (осори адибони узбек, туркман, қазоқ, қирғиз) дар бахши назму наср ва драма — Абай, Алишери Навоӣ, Машраб, Увайсӣ, Нодира, Фурқат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Ғафур Ғулом, Эркин Воҳидов, Олжас Сулаймонов, Абдулло Орипов, Абдулло Қодирӣ, Мухтор Авезов, Чингиз Айтматов ва дигарон тавсия дода шудааст.

Ба ғолибони озмун имтиёзҳои гуногун дода мешаванд

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), ки дар даври чоруми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ё барандаи Шоҳҷоиза гардидаанд, ба ихтисоси интихобкардаашон ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон тибқи тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.

Инчунин довталабони даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) соли равон ба ихтисосҳои омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибон ва довталабони даври чоруми озмунро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тибқи муқаррарот муайян менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 8, 2024 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони муассисаҳои таълимии Хатлон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ 987 медал ба даст оварданд
Байни институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба нақши иқтисоди даврӣ дар таъмини самараноки захираҳои табиӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир ба энергетика ва дурнамои рушд конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Вазорати маориф ва илм масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактаби баррасӣ гардид
ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон чанд рӯз ба таътил мебароянд?
Дар шаҳри Ҷинан мулоқоти намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Чин доир гардид
Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои табодули таҷриба ба Чин мераванд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Дар Душанбе маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ доир шуд